Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Илҳом Мирсаидзода ғолиби Озмуни экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид
Рӯзи 20-уми январи соли 2023 дар толори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷамъбаст ва ғолибон муайян гардиданд. Дар ин бора ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосӣ аз эълон ва баргузории озмуни мазкур пеш аз ҳама бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, инчунин ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯйён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзуъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро эълон намуда буданд, ки озмунҳои мазкур аз санаи 1-уми март то санаи 1-уми декабри соли 2022 баргузор ва дар таърихи 20-уми январи соли 2023 ҷамъбаст карда шуданд.
Ба унвони комиссияи экологии Озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» дар маҷмуъ 57 нафар довталабон 115 мавод аз тамоми шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намуда буданд. Аз ҷумлаи иштирокчиёни озмун 26 нафар рӯзноманигорони касбӣ, 18 нафар олимони соҳаҳои гуногун, аз ҷумлаи онҳо 2 нафар доктори илм ва 9 нафар номзадҳои илм, 6 нафарашон бошанд унвонҷӯйёну аспирантон, 5 нафар магистрону донишҷӯёни муассисаҳои олӣ, 6 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд ба шумор мерафтанд.
Ҳамин тариқ дар номинаи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ҷойи якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба коршиноси масоили экологӣ, корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои нашри китоб (монография) таҳти унвони «НБО-и «Роғун» — намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» Ҳасан Асоев дода шуд. Ҷойи дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мутахассиси самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент, Илҳом МИРСАИДЗОДА барои асарҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва силсилаи мақолаҳо дар самти таъмини бехатарии экологӣ дода шуд.
Инчунин ҷойи дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба рӯзноманигор, мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» барои силсиламақолаҳо ва гузоришҳо дар самти ҳифзи табиат ва экология Марзия Саидова, ҷойи дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва масоили экологӣ Номвар Қурбонов, ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба муҳаррири масъули «Телевизиони Тоҷикистон» Фарзона Одинаева барои нашри гузоришу барномаҳо дар «Телевизиони Тоҷикистон» дар мавзӯи тағйирёбии иқлим, муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоқодир Қодирзода барои силсилаи асару мақолаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология, ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба рӯзноманигор, сармутахассиси нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” барои силсилаи гузоришу мақолаҳо дар мавзӯи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва маърифати экологӣ Оҳистамоҳ Гулбердиева ва дигарон сазовор дониста шуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири ҚОСИМ, Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ дар маросими тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравиро супурданд.
Дар номинаи «Маърифати экологӣ» ҷойи якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба рӯзноманигор, муовини якуми директори «Телевизиони Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрохон Тоҷов барои силсилаи намоишу барномаҳои телевизионӣ, ки дар мавзӯи маърифати экологӣ ва масоили иқлим пешниҳод шудаанд, дода шуд. Ҷойи дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ рӯзноманигор, муҳаррири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии рӯзномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳрии Тоҷикистон Ҳотам Ҳомидов (Ҳотами Ҳомид) барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ, ҷойи дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ рӯзноманигор- эколог, сардори маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ барои барномаҳои телевизионӣ ва силсилаи барномаҳои телевизионии «Ахбори экологӣ» дар Телевизиони «Сафина» ва ҷойи дуюмро бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд Боқимуҳаммад Боқизода барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба рӯзноманигор, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати тарҷума ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эссеи хуби нигоштааш дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» Камоли Қурбониён дода шуд. Инчунин ҷойи сеюмро бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ омӯзгори фанни биология, номзади илми биология, устоди калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино - Ойимнисо Шахсуфбекова барои силсилаи асару мақолаҳо дар мавзӯи маърифати экологӣ ва дигарон сазовор гардиданд.
Инчунин ҳамкори мо рӯзноманигори маъруф, сармутахассиси шуъбаи табъу нашри Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мухбирҷон Кенҷаев ва писараш Ҷомӣ низ дар ин озмуни бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорнома ва мукофоти хотиравии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки боиси ифтихори мо ҳамкорон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ ба 115 нафар иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.